Мақула (ар. مقولة), катего́рия (юн.-қад. κατηγορία) — мафҳуми аввалия ва мабноии фикр.
Арасту ба масъалаи мақулаҳо рисолаи махсус «мақулаҳо»-ро бахшида, 10 мақуларо муайян кард: миқдор, сифат, моҳият, вақт, фазо, тасарруф ва ғайраҳо.
Ба ташаккули мақулаҳои фалсафӣ файласуфи немис И. Кант низ машғул шуда, ба системаи муайян даровардани онҳоро мақсад монда буд, аммо вай аз доираи системаи Арасту баромада натавонист, фақат 12 тои онро нишон дод. Дар ин бора хидмати Гегел калон аст. Вай қариб ҳамаи мақулаҳои фалсафии замонашро дар асоси идеалистӣ ба тартиб даровард, ки аҳамияти калони Амалию назариявӣ доштанд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |